Ба нақл аз Фокс нюз, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико Байден 16 раъйи иёлати ҳассоси Мичиганро аз они хеш кард то ихтилофи худро бо Трамп афзоиш диҳад.
Байден дар сурате, ки битавонад 6 раъйи иёлати Невадаро ба даст оварад, калиди Кохи сафедро аз Трамп дарёфт хоҳад кард.
Трамп, ки то баъд аз зуҳри чаҳоршанбе шанси бисёре барои мондан дар Кохи сафед дошт бо аз даст додани раъйҳои Мичиган ва Вискансин, умедҳояш коҳиш ёфт.
Аз сӯи дигар, бархе коршиносон ду рӯз то ҳатто як ҳафтаро барои эъломи натиҷаи ниҳоӣ пешбинӣ карда ва иллати онро тӯлонӣ шудани шумориши раъйҳои постӣ донистаанд, ки ин бор ба далели ҳамагирии вируси корона дар муқоиса бо давраҳои қаблии интихоботи Амрико бисёр зиёд будааст.
Нозирон мӯътақиданд, ки бештари раъйҳои постӣ аз он Демократҳо ва тарафдорони Байден аст.
Бархе коршиносон низ бо тавваҷӯҳ ба рафтори номаъмулу изҳороти тунд ва хашини номзадҳои интихоботи Амрико, эҳтимоли даргириҳо дар шаҳрҳои мухталифи ин кишварро баъд аз эъломи натоиҷро додаанд.