Ба Ҳабиб "Қаҳрамони Русия"-ро доданианд: чаро ҳама мухолифанд?

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция чемпиона UFC Х. Нурмагомедова
Пресс-конференция чемпиона UFC Х. Нурмагомедова  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов унвони "Қаҳрамони Русия" дода шавад, аммо на варзишгарон ва на вакилони дигар ин иқдомро дастгирӣ накардаанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия Гаҷимурод Омаров пешниҳод кардааст, ки ба варзишкори номии ин кишвар Ҳабиб Нурмуҳаммадов унвони "Қаҳрамони Русия" дода шавад. Ӯ бо ин иқдом ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кардааст.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Президенти UFC: 100% гуфта наметавонам, аммо ҳис мекунам, ки Ҳабиб бармегардад

Аммо, феълан ин пешниҳодро на вакилон ва на сиёсатмадорон ҷонибдорӣ накардаанд.

Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, узви Гурӯҳи байналмилалии муштзанҳои ҷаҳон Констатнтин Тсзю дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, ки чаро ӯ дар додани чунин як унвони баланд ба варзишкор зарурате намебинад.

"Чаро? барои чӣ? " Устоди хизматнишондодаи варзиш - бигзор, ҳатто ҷои баҳс ҳам нест. Аммо унвони Қаҳрамони Русия... Ман намефаҳмам. Ман, ҳарчанд Ҳабиб ва фаъолияти ӯро хело эҳтиром мекунам, аммо ба фикри ман, ин ду чизҳои ғайри қобили муқоисаанд", - гуфтааст варзишкор.

Дана Уайт: Ҳабиб барои як бозӣ бармегардад

Қаҳрамони секаратаи бозиҳои олимпӣ дар рақси рӯи ях Ирина Роднина низ  ин иқдомро дастгирӣ намекунад.

"Мо дар варзиш қаҳрамонҳои зиёд дорем, аммо қаҳрамони Русия зиёд нестанд. Ба фикри ман ин унвон барои варзишкорон нест. Барои нафаронест, ки қаҳрамоние кардаанд. Ӯ бемуҳобот варзишкори профессионалист ва кори худро нишон дода тавонист", - таъкид кардааст ӯ.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб амали Макронро маҳкум кард: "мо пайғамбарамонро беш аз ҳама дӯст медорем"

Шореҳи машҳури варзиш Дмитрий Губерниев низ хабари пешниҳоди Ҳабибро ба унвони "Қаҳрамони Русия" бо шубҳа қабул кардааст.

"Мебинем, ки вакилон чигуна вокуниш хоҳанд кард. Аммо ба фикри ман унвонборон кардан, кори хубе нест", - гуфтааст вай.

Феълан маълум аст, ки яке аз вакилон, Виталий Милонов дар ин бора чӣ ақида дорад. 

"Чаро? Ӯ ҷавони беҳтарин аст. Хуб бозӣ мекунад. Ӯ барои ширкат дар ин гуна муҳорибаҳо ҳамагуна сифатҳоро дорад. Ман касеро ранҷониданӣ нестам, аммо ба Ҳабиб ин унвонро лоиқ намедонам. Ин таҷрибаи нодуруст аст", - таъкид кардааст сиёсатмадор.

Милонов афзудааст, ки Ҳабиб низ эҳтимоли ғолиб ин мақсадро надошт ва надорад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

Лентаи хабарҳо
0