Миннатдорӣ ва ваъдаи вазири тандурустӣ баъди таъйини дигарборааш ба мақом

© пресс-служба Минздрава ТаджикистанаДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода, ки дигарбора ба мақоми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъйин гардид, зимни муаррифияш ваъда дод, ки барои беҳбуди сифати хизматрасонӣ тамоми талошро мекунад

ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Маросими муаррифии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябр бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баргузор шуд.

Салимзода Амонулло министр сельского хозяйства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Вазифаҳои пасттари вазирони барканоршуда бо розигии Раҳмон-акс

Тибқи иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло барои бори дигар ба ин вазифаи пурмасъул таъин гардиданаш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштаст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолии кишвар минбаъд низ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

"Номбурда дар идомаи суханронии хеш иброз намуд, ки дар ин рӯзҳои душвор, ки пандемияи COVID-19  ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст ва Тоҷикистон низ аз ин мушкилот истисно нест, кулли кормандони соҳаи тандурустии кишвар ҳар лаҳза дастгирӣ ва пуштибонии Сарвари давлатро ҷиҳати мубориза бо ин беморӣ эҳсос менамоянд", - омадааст дар иттилоияи котиботи Вазорати тандурустӣ.

Манбаъ зикр кард, ки Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 5 майи соли 2020  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъйин гардида буд ва 3 ноябр дигарбора ба ин мақом таъйин гардид.

Лентаи хабарҳо
0