Рӯзи 3 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1903 Панама соҳибистиқлол гардид.
Соли 1907 дар Фаронса аввалин чархбол дар таърихи ҷаҳон ба ҳаво парвоз кард.
Соли 1918 Ҳизби коммунистии Австрия таъсис дода шудааст.
Соли 1928 Туркия аз ҳуруфи арабӣ ба лотинӣ гузашт.
Соли 1939 дар шаҳри Маскав ба нафароне, ки бо нишони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида буданд, аввалин маротиба медали "Ситораи тиллоӣ" супорида шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2009 Президенти Тоҷикистон Қонуни ҶТ "Дар бораи афв"- ро имзо намуд.
Соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку"-ро маъқул донист.Соли 2010 миёни Президент Эмомалӣ Раҳмон ва муовини вазири вақти корҳои хориҷии Бритониёи Кабир Симон Фрайзер атрофи авзои вақти Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт.
Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2014 терминали нави фурудгоҳи Душанбе ифтитоҳ шуд.Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ гардиданд.
Соли 2016 парлумони Тоҷикистон фаъолияти кормандонеро, ки соҳиби ду шаҳрвандӣ ҳастанд дар мақомоти қудратӣ ва ҳукуматӣ маҳдуд кард.
Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр
- Дар Ҷопон – Рӯзи фарҳанг.
- Дар Либерия – Рӯзи миннатдорӣ.
Рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1929 – нависанда Масъуд Муллоҷонов.
Соли 1937 – балерина, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бозгул Исоева.
Соли 1938 – нависанда Муҳиддин Хоҷаев.
Соли 1945 – нависанда Маъруф Бобоҷон.
Соли 1956 – доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин Назарзода.
Соли 1964 – доктори илмҳои техникӣ Ҷалил Пириев.