ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон шаби 31 ба 1 ноябр, дар паи иҷоза надодани Авиатсияи ҳавоии Русия ба ду парвози "Сомон Эйр", натавонистанд ба ватан парвоз кунанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ин ҳодисаро шарҳ дода гуфт, лағви парвозҳо ба ҳолати техникӣ вобаста буд, ки дар давоми як шабонарӯз ҳал шуд.
"Интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи парвозҳои чартерӣ пурра барқарор шуд. Табиатан вақте ду парвоз анҷом дода нашуд, 400 кас бо ҳавопаймои дигар интиқол дода мешаванд. Имрӯз ё фардо ҷадвали парвозҳо барқарор мешавад ва ягон мушкилӣ намешавад", - гуфт дар суҳат бо Sputnik Тоҷикистон Имомуддин Сатторов.
Сафири Тоҷикистон афзуд, ки фардояш ду парвоз ва баътар се парвоз анҷом дода шуд, то кор аз рӯи ҷадвал шавад.
"Агар талабот ба интиқоли шаҳрвандон аз Федератсияи Русия бошад, ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд. Барои ҳамин набояд имрӯз ин чизро ба мушкили бузург табдил дод, чунин ҳодисот мешавад, парвозҳо ба таъхир меафтанд ё умуман парвоз лағв мешавад. Зиёда аз ин гап сари парвозҳои чартерӣ меравад, на муқаррарӣ , - афзуд сиёсатмадор.
Бо Тоҷикистон? Русия бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард
Ӯ таъкид кард, ки ҳамаи парвозҳо пурра барқарор карда мешавнд.
"Бояд бо фаҳм ба чунин ҳодисаҳо назар кард. Дар ҳоле, ки ҳаракат дар тамоми ҷаҳон қатъ шудааст", - хулоса кард Сатторов.