ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
"Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4 дараҷа хунук- 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 12 то 17 дараҷа хунук ва рӯзона 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад", - менависад "Ховар" дар истинод ба манбаъ.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук ва 2 дараҷа хунук ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.