Игор Шувалов раисиро дар СҲШ ба "Амонатбонк" супорид

© pixabayРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар солҳои 2020-2021 бонки тоҷикии "Амонатбонк" масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро бар дӯш гирифт

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Игор Шувалов, раиси Корпоратсияи давлатии рушди "ВЭБ"-и Русия дар ҷаласае масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро ба дӯши "Амонатбонк" вогузор кард.

Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии таъсири коронавирус ба фаъолияти низоми бонкӣ дар Амонатбонк

Дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди "ВЭБ" Русия тариқи онлайн баргузор шуд, Тоҷикистонро "Амонатбонк" намояндагӣ кардааст.

"Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби раисони бонкҳои аъзои ин созмон санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла харитаи роҳ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемия барои иқтисодиёти давлатҳои аъзои Созмон, равишҳои муштарак оид ба масъалаи истифодаи асъори миллӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида шуданд", -менависад "Ховар".

Баъди ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ дар фазои тантанавӣ масъулияти раисӣ дар иттиҳод аз ҷониби Игор Шувалов ба раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ барои солҳои 2020 ва 2021 супорида шуд.

Сироҷиддин Икромӣ омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳое, ки дар давраи раисии Бонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои солҳои 2020 ва 2021 пешбинӣ гардидаанд, иброз намуд.

Тоҷикистону Русия масоили ҳамкориҳоро дар ҳошияи СҲШ баррасӣ карданд

Тибқи тартиботи кории СҲШ ҳар як кишвари аъзо аз рӯи тартиби алифбои русӣ ҳар сол роҳбарии Созмонро ба уҳда дорад, ки дар баробари ин сохторҳои соҳавиаш, аз ҷумла бонкҳо дар доираи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ раисӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0