ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тедрос Адханом Гебрейесус роҳбари СҶБ низ ба қарантин рафт. Дар ин бора худи Тедрос хабар дода, изҳор намудааст, ки бо нафари мубталои коронавирус тамос доштааст.
Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ягон аломати ин бемориро надорад, вале тибқи қавонини СҶБ бояд ба худҷудоӣ равад.
Ҳамакнун фаъолияташро аз хонаи худ идома медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки мавориди фавт аз коронаваирус дар Урупо давоми чанд ҳафтаи ахир рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
"Зарур аст, ки ҳамаи мо дастурҳои саломатиро риоя кунем. Ба ин роҳ, мо занҷирҳои интиқоли COVID-19-ро мешиканем, вирусро пахш мекунем ва системаҳои тандурустиро ҳифозат менамоем",- таъкид намудааст роҳбари СҶБ.