Бархӯрди маргбори “Хундай” бо автобус дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевУлица в городе Душанбе
Улица в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори мошини “Хундай-Соната” бо автобус дар шаҳри Душанбе хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, бархӯрд рӯзи 1-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 06:30 дақиқа рух додааст.

Спасатели во время поиска выживших в результате землетрясения в Измире  - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз 65-соат: наҷотбахшон духтари сесоларо аз зери харобаҳои заминларза наҷот доданд

“Сокини 24-солат пойтахт, ронандаи худрави тамғаи “Хундай-Соната”, Раҳимов Абдураҳим Сафарович, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Зебуниссо ба кӯчаи Бинокорон, бо сабабҳои номаълум ба қисмати қафои автобуси тамғаи “АКИА”, бархӯрдааст", - омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки автобус таҳти идораи ронанда, Шамсов Собир Партовович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе будааст. Ҳарду мошин ҳам ба як сӯ ҳаракат мекардаанд.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи бархӯрд ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Раҳимов Абудраҳим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки сабаби бархӯрд феълан маълум нест ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0