Таронаи ҷавонон аз Ҳиндустон ва Афғонистон дар васфи Раҳмон

Рахмону вручили Звезду и Орден президента
Рахмону вручили Звезду и Орден президента - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарона бо ду забон — тоҷикӣ ва ҳиндӣ суруда шудааст ва онро якҷо бо ҷавонони ҳинду ва афғон ҷавонони тоҷик низ иҷро мекунанд

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Маркази фарҳангии Ҳиндустон ба номи Свами Вивеканандаи назди  Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    сурудеро ба муносибати  аз нав ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон омода намудааст, ки бо ду забон — тоҷикӣ ва ҳиндӣ суруда шудааст.

Выступление президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Номаи шодбошии Уилям Александр ба Эмомалӣ Раҳмон

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, суруди мазкурро шогирдони тоҷик, афғон ва ҳинду, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва дар синфҳои овозхонию мусиқии  Маркази фарҳангии Ҳиндустон ба номи Свами Вивеканандаи назди  сафорат таҳсил доранд, иҷро намудаанд.

Бо ду забон эҷод шудани суруд муштаракоти ду миллатро нишон медиҳад. Ҳамчунин он ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои Тоҷикистон ва муҳаббати бепоён ба Тоҷикистон ва мардуми он эҷод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0