ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Роҳбари UFC Дана Уайт боварӣ дорад, ки қаҳрамони муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба майдон бармегардад.
Роҳбари UFC Дана Уайт таъкид кардааст, ки Ҳабиб мисли пештар қаҳрамон аст ва пирӯзии вай маваққатӣ набуд.
"Бовар кунед, Ҳабиб барои як бозии дигар боз бармегардад. Ин унвон холӣ намемонад. Ӯ мисли ҳарвақта қаҳрамон аст. Камарбанди холие нест, унвони қаҳрамони муваққатӣ ҳам нест", - гуфтааст Уайт.
This just in!! 🔥 #UFC #MMAhttps://t.co/Z9qAdCDBOa
— bjpenndotcom (@bjpenndotcom) November 1, 2020
Ин изҳороти Уайтро дар бораи қаҳрамонии Нурмуҳаммадов рӯзноманигор Бретт Окамото тасдиқ кардааст.
"Дана Уайт ба ман ҳам гуфт, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов то ҳол қаҳрамони бозиҳои омехта дар вазни сабук аст. Ӯ мешитобад, ки дивизияро бидуни вай пеш барад. Ӯ ба ман маслиҳат дод, то интизор нашавам, ки ба наздикӣ ҳамагуна муҳориба дар вазни сабук барои унвони холӣ баргузор шавад", - навиштааст рӯзноманигор дар саҳифааш дар Твиттер.
Ёдовар мешавем, шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.
Баъди пирӯзӣ Ҳабиб эълон кард, ки дигар ба майдони набард нахоҳад омад ва ин охирин рақобаташ буд, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ҷанг нахоҳад кард.
Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.
Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов
Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда аст. Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.
Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.