Кумитаи андоз 13 шаҳру навоҳии қарздорро гуфт: бештарашон дар Хатлон

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Налогового комитета при Правительстве РТ. Архивное фото
Здание Налогового комитета при Правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда зарфи нӯҳ моҳи соли равон нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ иҷро нашуда, ба ҷойи 8 млрд 143,3 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ 7 млрд 497,0 млн сомонӣ ворид гардид,

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ин ниҳод дар ҳисоботи нуҳмоҳааш гуфтааст, 13 шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои нақҳаи андоз набаромаданд.

Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҷозоти беш аз ҳазор корманди Кумитаи андоз: 357 нафарашон мақомдор будаанд

Ба иттилои манбаъ, бештари шаҳру навоҳии қарздор дар вилояти Хатлон, аз қабили Бохтар 88,2%, Кушониён 94,4%, Вахш 93,0%, Хуросон 94,0%, Қубодиён 97,6%, Ҷомӣ 90,0%, Панҷ 93,6%, Шаҳритуз 97,4%, Леваканд 83,0% мебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар вилояти Суғд бошад, танҳо Хуҷанд (95,6%) аз иҷрои нашаи ҷамъоварии андоз набаромад.

Гуфта мешавад ҳамзамон Роғун 91,5%, Турсунзода 84,6% ва Рӯдакӣ 91,2% низ нақшаро иҷро накардаанд, ки дар умум аз ин ҳисоб ба буҷет 91,0 млн сомонӣ ворид нашуд.

Беш аз 27 миллион қарзи Нусратулло Файзуллоев ва Убайдуллоев аз андоз

Кумитаи андоз гуфтааст, дар умум вилоятҳо нақшаи андозро иҷро карданд, аммо Раёсати андози андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст - 53,0% таъмин кард.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нақша иҷро нашуд: Кумитаи андоз калонтарин "андозгурезон"-ро гуфт
Ин ниҳод гуфтааст, таъмин нагардидани иҷрои сифатии нақшаи андозҳо, пеш аз ҳама, аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, аз ҷумла, пурра татбиқ накардани муқаррароти қонунгузории андоз, супоришҳои роҳбарияти Кумита оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, сари вақт ва дар сатҳи дахлдор анҷом надодани корҳои назоратӣ ва тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ вобаста мебошад.

Дигар омиле, ки ба ин сабаб шуд, ба миён омадани пандемияи коронавирус, ки таъсирашро бевосита ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ расонида истода, боиси нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо, коҳиш ёфтани хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои хизматрасонӣ ба ҳамин соҳаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана ва ногувор шудани вазъи молиявии баъзе аз корхонаҳо гардидааст.

Дар қонуни нави андоз ҳам бандҳо зиёд шуданду ҳам сафҳа

 Сабаби дигаре, ки ба таъмин нашудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъсир расонида истодааст, ин дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва шумораи коргарон дар баъзе корхонаю ташкилотҳо мебошад, ки манбаи андозбандии андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, афзудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0