Даргузашти ҳунарманди машҳур Шон Коннери

© AFP 2023 / Frazer HarrisonАктер Шон Коннери, архивное фото
Актер Шон Коннери, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди шотландӣ бо нақши Ҷеймс Бонд машҳур буд. Сабаби фавти ҳунарманд Шон Коннери гуфта нашудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳунарманди шотландӣ Шон Коннери дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад BBC.

Хабар дар бораи даргузашти ҳунармандро аъзои хонаводааш тасдиқ кардааст. Моҳи август ҳунарманд 90-сола шуд. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нашудааст.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Олимҷон Ҳасанов, боз як шахси таърихӣ, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ
Фаъолияти касбии ҳунарманд Шон Коннери даҳсолаҳо давом кард. Ӯ дорандаи мукофотҳои зиёд аз қабили Оскар, ду ҷоизаи Bafta ва се ҷоизаи Глобуси тиллоӣ мебошад.

Моҳи июли соли 2000-ум Шон Коннери аз дасти маликаи Бритониё Елизаветаи II унвони ритсарӣ гирифт.

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

Ҳунарманди шотландӣ пеш аз ҳама бо нақши Ҷеймс Бонд машҳур аст. Ӯ нахустин шуда ин нақшро дар ҳафт триллер бозӣ кард.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон даргузашти Исмоили Саодатро таслият гуфт

Филмҳои дигари намоёни Шон аз ҷумла "Шикори Октябри Сурх", "Индиана Ҷонс ва Салиби охирин", "Кӯҳистонӣ", "Лигаи ҷанобони мӯҳтарам", "Дили аждаҳо" ва "Шах" мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0