Тоҷикистон ба даҳгона кишварҳои амн ворид шуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСотрудник милиции общается с водителями
Сотрудник милиции общается с водителями - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди 90 дар сади ширкаткунандагони назарпурсӣ худро дар кишвар ором ҳис мекунанд ва ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ боварӣ дорад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Таҳлилгарони маркази байналмилалии омӯзиши афкори ҷомеа Gallup тадқиқоти "Global Law and Order 2020"-ро ба роҳ монда, амният дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳонро санҷидаанд.

Готова ли объединенная система ПВО стран СНГ противостоять провокациям НАТО? - Sputnik Тоҷикистон
Амнияти фазои Тоҷикистону ИДМ: санҷиши низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ-видео

Назарпурсии ахире, ки марказ гузаронидааст дар бораи осудагии сокинон дар бораи замони пандемия маълумот медиҳад.

Таҳлилгарон шаҳрвандони 114 кишвар ва минтақаҳоро барои муайян кардани дараҷаи боварии онҳо ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо пурсидани чанд суол, муайян кардаанд.

Дар ин пурсиш Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои амн шомил шуда, мақоми 8-умро гирифтааст. Дар ин кишвар 90 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки худро амн ҳис мекунанд.

Дар ин феҳрист кишварҳои Сингапур, Туркманистон ва Норвегия болонишинанд. Ҳамчунин ба даҳгона Чин, Словения, Қувайт, Олмон, Арабистони Саудӣ ва АМА ворид мешаванд.

“Сафеддара” боз амнтар мешавад: ифтитоҳи шуъбаи ВУД дар ҷамоати Тагоби ноҳияи Варзоб

 

Дар ин назарпурсӣ Афғонистон ҷои охирро гирифтааст. Танҳо 12 дар сади сокинонаш посух додаанд, ки худро дар кишварашон амн ҳис мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0