Пас аз се сол: корхонаи гаҷи Конибодом фаъолияти худро аз сар гирифт

© Sputnik / Евгений Козырев / Гузариш ба медиабонкЦементный завод, архивное фото
Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” – и вилояти Суғд корхонаи гаҷтахтаи худро пас аз се соли таваққуф дигарбора фаъол кард

 ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Нуруллоҳ Усмонов, мудири кулли гурӯҳи ширкатҳои “Нур”, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се соли қабл ба далоили мушкилоти молиявию фаннӣ кори худро ба тавқиф гузошта буд.

“Дар ин муддат мо талош кардем, ки ин ҳама мушкилотро бартараф намуда, дигарбора ба кор шурӯъ кунем. Ҳадаф истеҳсоли маводи сохтмонии маврид ниёз аст, ки ҷойгузини маводи ҳамсони воридотӣ ба кишвар хоҳад шуд. Дар ин амр ба мо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ кӯмаки худро дареғ надоштанд. Бахусус, дастурҳои он кас барои бартараф кардани як қатор мушкилоти бюрократӣ хеле муҳим буд”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.
Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя як миллион тонна семент содир кард

Корхонаи тавлиди гаҷтахтаи “Моҳии заррин”, яке аз корхонаҳои гуруҳи ширкатҳои “Нур”, соли 2016 дар қаламрави деҳаи Ниёзбеки ноҳияи Конибодом ташкил шудааст. Зарфияти он тавлиди 200 тон гаҷ ва 500 тон сангреза дар рӯз аст, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ ба даст меояд.

Тибқи иттилои мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Нур”, дар корхона 60 нафар истихдом шудаанд, ки мудирияти ширкат ба онҳо ба таври мутавассит 2500 сомонӣ музди меҳнат пардохт мекунад.

“Ҳудуди 40 нафари дигар дар боғи корхона ба кор машғул мешаванд, ки барои тавсеаи он шароити хуб эҷод шудааст. Як чоҳ низ дар сойи наздики корхона ҳафр шудааст, ки обёрии заминҳои боғ ва атрофро фароҳам мекунад”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.

Афзоиши тавлиди гаҷкартон дар Тоҷикистон ва содироти он ба Узбакистону Афғонистон

Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” аз сӯи Нуруллоҳ Усмонов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҷуз “Моҳии заррин”, як гимназияи хусусӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаб – интернати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон, Маркази ташхисию солимгардонӣ дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҷмааи хурди саноатии “Нуртекс” дар шаҳри Хуҷандро, ки ба тавлиди кабелу профил, ширешу дигар маводи сохтмонӣ машғул аст, муттаҳид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0