ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Суруди Кирилл Медников таҳти унвони "Двумя руками" (Бо ду даст) саундтреки филми "Доктор Лиза", интихоб шуд. Дар ин бора Кирилл дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.
"Ман дарҳол қарор кардам, ки як чизи зебое аз умқи дил эҷод мекунам. Нақшофарии Чулпан Хаматова ва Константин Хабенский дарки сюжети филмро дар ман тақвият бахшиданд", - навиштааст сароянда.
Кирилл изҳор дошт, ки то нашри филм дар бораи фаъолияти Елизавета Глинки кам чизе шунида буд, вале пас аз суҳбат бо таҳиягарони филм дарёфт, ки ҳимоятгари русиягӣ чӣ корҳоеро анҷом додааст.
Филми "Доктор Лиза" таърихи як рӯз аз зиндагии Елизавета Петровна Глинкиро тасвир мекунад.
Ӯ корманди ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқ ҳамчунин директори Созмони байналмилалии "Справедливая помощ" (Кумаки боадолатона) мебошад.
Гуфт бачаи одист аз Душанбе: суҳбати Медников аз авлоду хонадоршавӣ то орзую мушкилот
Кирилл Медников дар Душанбе ба дунё омада ва бузург шудааст. Хонаводаи ӯ солҳои 1960 дар Тоҷикистон муқим шудааст.
Дар 17 - солагӣ Кирилл пас аз хатми Мактаби Вазорати дифоъи ФР таҳсилашро дар Русия идома дод. Соҳиби касби муҳандисӣ шуд ва ҳунармандиро пеша кард.