ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Virus shut out, ё “гарданбанди каронавирус” чанд рӯз аст, ки дар фурӯшгоҳҳои Хуҷанд ба моли аз ҳама пурхариддор табдил шудааст. Сокинон ба таблиғи он бовар карда, мегуянд, ки бо харидани ин мавод худро аз каронавирус ҳимоя мекунанд, аммо то куҷо ин имкон дорад, онҳо ҳанӯз маълумот надоранд.
Зимнан ба фарқ аз моск ё ниқобҳои муҳифизатӣ бо қиммати 10-12 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Фурӯшандаҳо дар бораи аз куҷо ворид шудани он изҳори бехабарӣ намуда, аз бозоргир будани он таъкид меварзанд.
Як фурӯшандаи Virus shut out дар бозори “Панҷшанбе” ба шарти набурдани номаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин молро истеҳсоли кишвари Чин маънидод кард, вале дар бораи кай ва чигуна ба базори Хуҷанд роҳ ёфтани он изҳори бехабарӣ кард.
“Ба ман як фурӯшанда овард гуфт, ки 12 сомонӣ фурӯш аз ин ҳисоб як сомонӣ аз ҳар як донааш аз они ту. Ӯ гуфт, ки худаш 10 сомонӣ аз нафари дигар харидааст", - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ таъкид мекунанд, ки рӯзҳои охир дар бораи “бейҷикҳи каронавирус” зиёд шунидаанд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, ки барои худу фарзандонаш се дона чунин бейҷикро бо нархи 30 сомонӣ харидааст.
“Дар баробари маска ҳоло аз бейҷикаш ҳам харидем. Зиёд ҳамсояҳо харида гуфтанд, ки то ду метр вирусро мекуштааст, ман ҳам барои ҳимояи худу фарзандонам инро харидам, намедонам, ки чи тавр ба саломатии мо таъсир мерасонида бошад. Худо моро аз ҳар балое нигоҳ дорад”, - зикр намуд ҳамсуҳбати мо.
Онҳое, ки фурӯши “бейҷики каронавирус” дар Хуҷанд машғуланд мегӯянд, ки ин мавод аз маҳлули хлодор иборат аст ва то як моҳ коршоям буда, гуё то 1,5 метр вируси мавҷудбудаи ҳавоиро маҳв мекунад.
Чанд иштибоҳи асосӣ ҳангоми пӯшидани ниқоби тиббӣ
Аммо Илҳом Пӯлодзода, сардори Раёсати хадамоти назорат дар соҳаи тандурустӣ мегуяд, ки таъсири “бейҷики каронавирус” барои саломатии аҳолии ҳанӯз озмуда нашудааст, зеро ин мол аз роҳи қочоқ ба бозорҳои Хуҷанд роҳ ёфтааст.
“Мо дар бораи фурӯши Virus shut out дар дорухонаҳо бохабар шуда, аз баъзе ҷойҳо онро мусодира намудем. Зеро он аз ташхис нагузаштааст ва навиштаҷоти барои аҳолӣ фаҳмо надорад” - гуфт Пулодзода.
Бо гузашти як ҳафта дар бораи чи гуна ворид шудани ин маводи ба истилоҳ тиббӣ мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ҳанӯз расман чизе шарҳ надодааст. Ва маълум нест, ки ин мол чи гуна ва аз ҷониби кадом гурӯҳи судҷуй ворид карда шудааст.
Як ниқоби тоҷикӣ – 1 евро: ба куҷо содир шудааст?
Раҳмон Муҳаммадиев, сардори шуъбаи санитарии Маркази назорати эпидемологии Хуҷанд гуфт, ҳоло чизе, ки барои сокинон дар бораи пешгирӣ аз сирояти COVID-19 тавсия мешавад, бастани ниқоб ва шустани дастон бо собун ва маҳлули антисептикӣ мебошад. Ӯ истифодаи ҳар навъ маводи тиббиро дар ҳоли ҳозир дур аз воқеият маънидод кард ва гуфт, ки сокинон дар ин бора худ қазоват кунанд.