"Тахминӣ буд": чаро парвоз ба Тошканд анҷом нашуд?

© Пресс-служба президента ТатарстанаМеждународный аэропорт Ташкента
Международный аэропорт Ташкента - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон сабаби анҷом нашудани парвоз аз Душанбе ба Тошкандро ба дақиқ нашудани шароит марбут медонанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Як манбаъ дар Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, санаи парвоз, ки аз сӯи шарикони ӯзбек эълон шуд, тахминӣ буд ва дар ин миён ҷонибҳо ҳамоно рӯи шароити хоси парвоз дар шароити пандемияи "вируси корона" ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.

"Дар ҳамин чанд рӯзи наздик мо бо намояндагони се ниҳоди ҳавонавардии Ӯзбекистон тариқи онлайн ба машварат менишинем. Мавзӯъ ҳам ин аст, ки парвозҳо чӣ гуна бо назардошти шароити вазнини пандемия анҷом шаванд, аз ҷумла вазъи беҳдоштии тайёраҳо, қабулу гусели мусофирин. Имкон надорад, ки як таърихро мушаххас бигӯем", - гуфт ин манбаъ.

Қаблан расонаҳо аз санаҳои мухталифи анҷоми парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе маълумоти мухталиферо ироа намуда буданд. Гуфта мешуд, ки парвози аввалин 28 октябр анҷом мешавад, аммо баъдтар ин сана ба 1 декабр ва ниҳоят ба 1 январи соли оянда кӯч кард.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, анҷоми парвозҳо дар замони пандемия имкон дорад, аммо бояд қавоиди беҳдоштӣ муроот шаванд.

"Тавре мебинем, миёни кишварҳое парвозҳо анҷом мешаванд, ки вазъи беҳдоштӣ бамаротиб вахимтар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ҳар чӣ зудтар анҷом шудани парвозҳоро ҳарду ҷониб ба нафъи худ медонанд", - гуфт ӯ.

"Сомон айр": "Омодаем!"

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон масъулини "Сомон айр", ширкати масъули анҷоми парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе, гуфтанд, ки ҳеҷ дастури дақиқе дар ин маврид пайдо накардаанд.

"Мо аз ҷониби худ барои анҷоми ин парвоз омода ҳастем. Ҳоло мунтазирем, ки аз ҳукумат чӣ дастур мешавад. Ҳалли ин масъала дар салоҳияти мақомоти болоӣ аст. Мо омодаи парвозем", - гуфтанд онҳо.

Парвози Душанбе – Тошканд – Душанбе аз 16 марти сол ҷорӣ ба далели густариши "вируси корона" дар ҷаҳону Осиёи Марказӣ ва эълон шудани пандемия аз сӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт мутаваққиф шуда буд.

Дар пайи ин Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳамроҳи соири кишварҳои ҳамсоя аз 16 март марзҳои заминии худро низ бастанд.

Ӯзбекистон ҳанӯз 18 сентябр қарори убуру мурур тариқи роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоияшро аз 1 октябри соли равон бо риояи қатъии қоидаҳои карантину беҳдоштӣ содир намуд.

Дар пайи ин, 28 – 29 сентябр як ҳайати расмии ин кишвар бо раҳбарии Абдулло Орифов, нахуствазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад ва масоили ҳамкории ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла роҳандозии парвозҳоро баррасӣ кард.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, парвозҳо барои густариши равобити иқтисодии ду кишвар дар замони буҳрон такони ҷиддӣ мебахшанд, аз ин хотир, роҳандозии онҳо дар ояндаи наздик ба нафъи ҳарду ҷониб аст.

Лентаи хабарҳо
0