ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров пас аз суҳбат бо нафари сироятшуда аз коронавирус, хонашин шуд, хабар медиҳад ВКХ ФР.
Вазорати умури хориҷаи Русия, қайд карда, ки айни замон аҳволи вазир хуб аст.
Қайд мешавад, ки ба далели хонашинӣ, ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Равров ба таъхир гузошта шуданд.
Дар баробари ин гуфта нашудааст, ки вазир кай ва бо кӣ суҳбат кардааст.
Сергей Лавров рӯзи 21 март 70-сола шуд. Ӯ аз рӯи синну сол ба гурӯҳи хавфи баланд, дохил мешавад.
Тибқи фармони амалкунанда, ашхоси синнашон аз 65 боло бояд ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.
Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Русия фаъолона кор мекарду мулоқот бо ҳамкорон ва боздид аз дигар кишварҳоро идома медод.
Аз ҷумла, 26 октябр Лавров бо сафари расмӣ ба Юнон рафт ва аллакай рӯзҳои 28-29 октябр ӯ бояд ба Сербия сафар мекард.