Боздошти Абдуллоев, мақомдори САҲШ ҳангоми порагирӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Абдуллоев Н.А, як корманди САҲШ-и пойтахт хабар медиҳад, ки аз як корафтода маблағ талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Абдуллоев Н.А замони дар вазифаи нозир-коргузори Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда истода, барои барқарорсозии ҳуҷҷатҳо аз як шаҳрванд маблағ ситонидааст.

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Талаби ришва ва сӯиистифода аз мансаб: дастгир шудани мутахассиси бахши САҲШ 

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва иваз намудани ному насаби номбурда маблағи 3500 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 500 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда 3000 сомониро талаб намуд. 

“Санаи 09 июни соли 2020 Абдуллоев Н.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, далели шайъӣ маблағи 3000 сомонӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд”, - афзудааст манбаъ.

Нигаронии Ҳакимзода аз оиладор набудани мудирони САҲШ: намунаи ибрат нестанд

Гуфта мешавад, нисбати  Абдуллоев Н.А. бо моддаи 247 қисми 2 банди “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба Прокуратураи генералии кишвар ирсол шудааст.

Лентаи хабарҳо
0