Рушди қутоспарварӣ: аз ВМКБ ба Шаҳристон 10 сар қутос бурданд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешПриветственная Стелла в город Шахристон, архивное фото
Приветственная Стелла в город Шахристон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қутоспарварӣ дар вилояти Cуғд таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Куҳистони Мастчоҳ парвариш карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шаҳристон парвариши қутос ба роҳ монда шуд.

Турист на велосипеде в горах - Sputnik Тоҷикистон
Пайи динозавр ва саворӣ дар қутос: муаррифии хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар Душанбе

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ВМКБ ба ноҳияи Шаҳристон 10 сар қутос оварда шуд, ки дар мавзеи Кимқули ноҳия ба таври таҷрибавӣ парвариш карда мешавад.

Минтақаи Кимқул аз минтақаҳои нисбатан сарди ноҳия маҳсуб ёфта, бино ба гуфти мутахассисон барои парвариши қутос мусоид аст.

Тавре маълум аст, қутос давоми ҳазорҳо сол тавассути интихоби табиӣ дар иқлими хунуки кӯҳистон ташаккул ёфта, дар минтақаҳои экологию ҷуғрофии мухталиф зиста наметавонад ва гармиро дар бадани худ зуд ҳис карда, дар ҷустуҷӯи ҷои сард мешавад.

Аз ин лиҳоз интихоби ин мавзеъ барои парвариши қутос ҳадафмандона буда, дар сурати зиёд шудани саршумор ин таҷриба дар дигар минтақаҳо низ истифода мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҷангалбонон таъкид карда, ки қутоспарварӣ аз бахшҳои сердаромади чорводорӣ аст ва дар сурати мутобиқ шудан саршумори он дар ҷангалзори ноҳия афзоиш меёбад.

Қутоспарварӣ дар вилоят таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Куҳистони Мастчоҳ парвариш мегардад.

Тибқи иттилои масъулин, саршумори қутос дар вилоят ба 2000 сар баробар гардида, теъдоди он сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳия 23 сар оҳуи навъи муфлони урупоӣ оварда шуда буд.

Масъулини хоҷагии ҷангал мегӯянд, ки аз ин оҳуҳо то ин замон се сар насл гирифта шуда, шумораашон ба 26 сар баробар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0