ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Устоди муҳорибаи омехта, варзишкори амрикоӣ Ҷон Ҷонс дар рейтинги беҳтарин размандагони UFC, новобаста аз вазн, аз ҷои аввал ба фоидаи Ҳабиб даст кашид.
Дар ин бора қаҳрамони собиқи вазни сабуки UFC дар сафҳаи Твиттери худ изҳорот додааст. Ҷонс пешсафиро ба қаҳрамони вазни сабуки UFC, муштзани рус Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз даст дод.
"То он даме ки ман ин тоҷро нагирам, ҷойро ба ту медиҳам. Баҳра бар",- навиштааст Ҷонс.
Ӯ ҳамзамон қаҳрамонро табрик карда, ба ӯ барор хостааст.
"Мехоҳам Ҳабибро бо корномаи барҷастааш табрик намоям. Ман медонам, ки ӯ падари худ ва миллионҳо мухлисони тамоми дунёро водор кард, ки бо ӯ ифтихор кунанд. Бигзор Худо ӯро дар сафари минбаъдааш баракат диҳад", - навиштааст Ҷонс дар сафҳаи Твиттери худ.
Until I take that heavily crown, I grant you the spot. 🤙🏾 Enjoy Champ
— BONY (@JonnyBones) October 24, 2020
Ёдовар мешавем, шаби гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори амрикоӣ Ҷастин Гетҷиро шикаст дод.
Рақобат ду давр идома карда, размикори доғистонӣ бо усули маъмулияш, буғӣ кардан, ҳарифашро шикас дод.
Ҳабиб зимни суханронӣ баъди муҳориба аз роҳбарияти UFC хоҳиш кард, ки ӯро дар рейтинги нави размикорони беҳтарин дар ҷои аввал гузорад.
"Имрӯз охирин муборизаи ман дар UFC буд. Танҳо аз UFC мехоҳам, ки рӯзи сешанбе новобаста аз дараҷаи вазн дар ҷои 1-ум маро қарор диҳад. Ман сазовори он ҳастам ",-таъкид кард размикор.
Дар тӯли корномаи варзишии худ Нурмуҳаммадов 29 муҳорибаро бидуни ягон шикаст аз сар гузаронидааст.