ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Конор Макгрегор, размикори ирландӣ муҳорибаи ахири Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷиро баҳогузорӣ кард. Конор дар сафҳаи Твиттери худ муҳорибаи ин ду размикорро "рақобати олиҷаноб" арзёбӣ намуд.
Good performance @TeamKhabib.
— Conor McGregor (@TheNotoriousMMA) October 24, 2020
I will carry on.
Respect and condolences on your father again also. To you and family.
Yours sincerely, The McGregors.
"Баромади олиҷаноб. Ман коратро минбаъд давом медиҳам. Бори дигар дар робита ба даргузашти падарат ба худ ва аҳли пайвандонат изҳори тасаллият мекунам", - навиштааст размикори ирландӣ.
Ёдовар мешавем, ҳанӯз соли 2018 Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо рақиби ирландии худ Конор Макгрегор муҳориба орост ва ӯро аз роҳӣ буғӣ кардан мағлуб намуд.
Ин навбат низ, Ҳабиб рақиби худро айнан бо ҳамин усул шикас дод ва сипас эълон кард, ки ин муҳорибаи охирони ӯ буд ва UFC - ро комилан тарк мекунад.