ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Гейҷӣ гуфт, баъди анҷоми сабқт ҳангоми гиряи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ӯ ба қаҳрамони UFC дар вазни сабук изҳори ҳамдардӣ кард.
Гейҷӣ ба Нурмуҳаммадов гуфтааст, ки қаблан имкони муроҷиат кардан ба ӯро надоштаст ва илова намудааст, хеле мутаассиф аст, ки Ҳабиб падарашро аз даст дод.
"Коратро ман давом медиҳам": Макгрегор муҳорибаи Ҳабиб бо Гедҷиро баҳогузорӣ кард
“Ту дар ҳамин лаҳзаҳо падарро водор кардӣ, ки бо ту ифтихор дошта бошад”, - тавзеҳ дод Гейҷӣ суханҳои гуфтааш дар майдонро ба BT Sport.
Шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.
Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад. Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.
Лаззат бар: Ҷонс ҷои аввалро дар рейтинги UFC ба Нурмуҳаммадов дод
Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.
Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.