ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус марги боз 4 қирғизистонии дигар давоми як шабонарӯз аз маризии коронавирусро тасдиқ намуд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи ахир боз 606 мавриди нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Аз ҳама зиёд ҳолатҳои мубталошавии шаҳрвандон дар вилояти Ҷалолобод (184) ба қайд гирифта шуд.
Ҳамчунин дар вилояти Ботканд низ 104 нафар тоза дардманди ин вирус гардиданд. Дар Ош 97 ва дар шаҳри Бишкек 88 мавриди нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудааст.
Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад - навор
Дар маҷмӯъ аз овоили хуруҷи ин беморӣ дар Қирғизистон 55 750 нафар гирифтори вируси COVID -19 гардидаанд.
Зимнан, бо илова шудани 4 мавриди фавт, теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 1 134 нафар баробар шуд.