Ҳабси се ҷавон барои худнамоӣ ва берун кардани пой аз тирезаи мошин-видео

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд се ҷавонеро, ки дар роҳҳои шаҳр қоидаҳои ҳаракатро вайрон намуда, худнамоӣ кардаанд, ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, навори худнамоии ҷавонон, ки савори мошини "Деу-Нексия" будаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд дар пай дошт. 

Задержанный водитель в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
15 "бокал" нӯшидаму мошин меронам: ҳабси ронандае, ки гуфт корманди мақомот аст - видео

"Тавре дар навор дида мешавад ҷавонон дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ ба каҷрафторӣ роҳ дода, намоишкорона аз дохили воситаи нақлиёт тавассути оина пои худро берун бароварда, бо ҳамин усул афзалияти худро нишон дода, худнамоӣ кардаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД. 

Манбаъ таъкид кард, ки дар пайи таҳқиқ нисбати ронандаи сабукрави тамғаи "Деу-Нексия", Азизов Шуҳрат Баҳромович ва ду рафиқи ӯ - Боиров Эраҷ Фирдавсович, Ахунов Баҳодур Мақсудҷонович, соли таваллудашон 2001 истиқоматкунандагони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҷазои маъмурӣ татбиқ шудааст.

Маъмурини милиса нисбати ҷавонон барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда тартиб дода, додгоҳи Хуҷанд онҳоро ба муҳлати 7 рӯз ҳабс намудаст.

Лентаи хабарҳо
0