Ташкили колхозу кооператив ба ҷои хоҷагиҳои оилавӣ: пешниҳоди ҳукумати ВМКБ

© акс аз саҳифаи рӯзномаи "Оинаи зиндагӣ"Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз натиҷаи машварати назоратии назди раиси вилоят гузориш дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ё худ оилавӣ дар вилоят таҷдиди сохтор шаванд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳукумати ВМКБ теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ё худ оилавиро 15 ҳазору 844 адад гуфта, фаъолияти онҳоро ноустувор ва нокифоя хондааст.

Президентский дворец. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон: ба мардум чӣ ваъдаҳо доданд

Бар асоси иттилоияи нашркардаи мақомоти ВМКБ, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳо - ташкили кооперативҳои истеҳсолию колхозҳо зарур аст. Манбаъ илова намудааст, ки инчунин зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанӯз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ,  барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод карда буд.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омада буд дар изҳороти Файзов, ки котиботи ҳукумати ВМКБ нашр карда буд.

Лентаи хабарҳо
0