Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

© Facebook / Сироджиддин БобозодаСироджиддин Бобоев, ученый-фольклор, Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в Худжанде
Сироджиддин Бобоев, ученый-фольклор, Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршинос ва ноиби декан оид ба корҳои илмии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар синни 55 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Манобеъ аз ДИС ДДТТ бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Бобоев чанд рӯзи охир дар Бемористони клиникавии Суғд аз бемории “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз фавтид.

“Имрӯз барои мо аз марги бемаҳали Сироҷиддин Бобоев хабар доданд. Шунидани ин хабар мо ҷомеаи омӯзгорони донишкадаро бе ихтиёр андуҳгин намуд”, гуфт яке аз омӯзгорони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд.

Ҷанозаи Сироҷиддин Бобоев қарор аст, фардо дар зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ баргузор гардад.

Бино ба иттилоъи манобеъ Бобоев Сироҷиддин аз олимони фолклоршиносе буд, ки дар шаклгирии афкори ҷамъиятии даҳҳо донишомӯзон нақши басо муассир доштааст. Бобоев Сироҷиддин Салоҳович санаи 1 январи соли 1965 дар деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Азимджон Шокаримов зам директор по  хозяйственным работам - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Азимҷон Шокаримов, мудири донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

Ӯ соли 1989 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва соли 1995 аспирантураи шӯъбаи рӯзонаи ин донишгоҳ ва соли 1999 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бухороро хатм намудааст. Фаъолияти кориаш бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1989 чун омӯзгори фанҳои ҷомеашиносии гурӯҳҳои навтаъсиси тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бухоро оғоз ёфтааст.

Соли 1997 дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи "Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар арӯсии тоҷикони Бухоро" рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, номзади илмҳои филологӣ ва соли 2004 ба унвони илмии дотсент сазовор гардида буд.

Солҳои 1999-2004 чун сармуаллими кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бухоро ва дар айни замон сардори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи ҳарбигардонидашудаи андози шаҳри Бухоро фаъолият дошт.

Даргузашти Муҳиддин Сангинов, мудири Театри Камоли Хуҷандӣ аз "илтиҳоби шуш"

Сипас ба Хуҷанд омад. Аз соли 2004 дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз соли 2005 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, менеҷмент ва фанҳои ҷомеашиносии Шуъбаи хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон) ва аз соли 2006 ҷонишини директор оид ба илм дар ин донишкада буд.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти олими физикдон Абуқаҳҳор Буриев аз бемории “илтиҳоби шуш”

Номбурда аз соли 2005 устоди муштараквазифаи Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар Хуҷанд (ҳоло Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ) фаъолияти пурсамар дошт.

Солҳои 2010-2017 вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва магистратура, мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ фаъолият дошт ва аз 1-уми сентябри соли 2018 муовини декан оид ба корҳои илмиро дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

Марҳум соҳибунвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” буда, муаллифи зиёда аз 45 асари илмӣ ва илмӣ-методӣ аст, ки назаррастарини онҳо монографияҳои “Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар тӯйи арӯсии тоҷикони Бухоро” ва “Таҳаввулоти таърихии андозҳои Осиёи Марказӣ” мебошанд.

 

Лентаи хабарҳо
0