Баррасии таъмини барқу гармӣ дар Душанбе: Расулзода гуфт, зимистон бе мушкилӣ сипарӣ шавад

© Министерство здравоохранения РТПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, бо омодагиҳо ба зимистон дар шаҳри Душанбе шинос шуда, аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 боздид кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Барои фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар зимистони оянда бояд 1 миллиону 300 ҳазор тонна ангишт захира карда шавад, ки то имрӯз дар анборҳои Марказ беш аз 922 ҳазор тонна ангишт захира гардидааст, хабар дод “Ховар”.

Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти нозири “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” барои тасарруфи маблағ

Манбаъ афзуд, ки Расулзода дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ҷаласа баргузор карда, тақвият бахшидани ҷараёни кашонидани ангишт ва захираи онро талаб кардааст.

Расулзода ҳамчунин ҷоннок намудани фаъолияти иншооти барқу гармидиҳӣ, пайваст намудани иншооти таъйиноти гуногун бо шабакаҳои гармидиҳӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаст.

“Барқи тоҷик”: маҳдудият нест, санҷиши профилактикӣ аст

“Барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз  масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳо ҷоннок намудани фаъолият тақозо карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Бе барқ намемонем: НБО "Норак" ва "Бойғозӣ" ба фасли зимистон комилан омодаанд

Манбаъ илова намуд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар шаҳри Душанбе шумораи иншооте, ки бо гармӣ таъмин карда мешаванд, 2511 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 1269 иншоот дар ноҳияи Сино, 500 иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 500 иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур ва 242 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 331 иншоот зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ то имрӯз 98 дарсади иншооти ба қайд гирифташуда барои қабули гармӣ омода карда шудаанд.

Боз торикӣ: чаро Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кард ва он то кай идома меёбад

Таъкид шудааст, ки барои ба Шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст намудани қариб 300 иншооти дигар корҳо идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0