Тамриноти гурӯҳҳои туфангпарон ва ҳавоии пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур баргузор шуд.
Дар паи ин омӯзиш чархболи Ми - 24 аз ҳаво назорат карда, ҳаракати мошинҳои зиреҳпӯшро боздошт.
Аз ҷумла халабонон дар камингоҳ буданро тамрин карданд. Душманро муайян карда, ба сӯяшон ҳамалоти нобудкуниро равона карданд.
"Ба сӯи душмани шартӣ аз чархболҳои зиреҳпӯш мушакҳо партофта шуданд", - қайд мекунанд дар Вазорати дифоъи Русия.
Посух ба ҳамлаи 100 ҷангҷӯ ба марзи Тоҷикистон: гузориши аксӣ аз размоиш
Манбаъ афзуда, ки дар ин тамринот беш аз 500 низомӣ ширкат карда, беш аз 100 адад техника ба кор бурда шудааст.