Қадри муҳоҷир: иқтисодиёти Русия бидуни шаҳрвандони хориҷӣ чӣ мешавад?

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСотрудник коммунальной службы убирает улицу в Москве, архивное фото
Сотрудник коммунальной службы убирает улицу в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бори нахуст дар пайи чанд сол тиҷорати Русия бо мушкили камбуди қувваи кории хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин албатта фоҷеа нест, аммо ба паст шудани сифати зиндагӣ бетаъсир намемонад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Чанде пеш дар Русия ширкатҳои бузурги такси ба монанди "Ситимобил", "Везёт"  ва  Gett аз норасоии коргар шикоят карданд.

Гӯё дар шаҳрҳои бузург, ки қисми бештари ронандагонро муҳоҷирон ташкил медиҳанд, барои беҳтар шудани сифати корашон  20 дар сад ронанда норасоӣ мекардааст.

Дмитрий Полетаев - Sputnik Тоҷикистон
Полетаев: пас аз пандемия муҳоҷиронро дар Русия корҳои зиёд интизор аст

Дар шаҳр на танҳо мутахассисони баландихтисос, балки коргарони одӣ намерасанд.

Ба ин мушкилӣ пеш аз ҳама дар Кремл аҳамият доданд. Ҳамин тавр, пештар раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин дар мусоҳиба бо телевизиони Русия кам шудани шумораи муҳоҷиронро дар пойтахт мушкилии ҷиддӣ номид. 

Ӯ низ аз ҳамон 40 дар сад ёдрас шуд, танҳо сухан дар бораи коҳиш ёфтани шумораи коргарон мерафт, ки ин метавонад дар зимистон ба кори хадамоти коммуналӣ бетаъсир намонад. 

Sputnik Тоҷикистон дар мусоҳиба аз чанд коршинос пурсон шуд, ки ин норасоии аз чист ва оё ин изҳороти раиси шаҳр метавонад ба ифтитоҳи марзҳо аз ҷониби кишварҳои Осиёи Миёна боис шавад.

"Корона" ва рубли заиф

Сабаби аввал аллакай ба ҳама маълум, ҳамагирии коронавирус аст. Садҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватанашон рафтанд, то наздиконашонро хабар гиранд ва карантинро гузаронанд, аммо ба Русия баргашта наметавонанд, зеро Русия танҳо ба парвозҳои махсус иҷозат медиҳад, аммо ба ифтитоҳи марзҳояш бо як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ намешитобад.

Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳҳо навбаташонро дар сафорати Тоҷикистон интизор буданд, ин мушкилиро аз таҷрибаи худ медонанд.

Сабаби дигаре, ки аҳамияти камтар надорад, - иқтисодист.  Шаҳрвандони хориҷӣ дигар ба Русия шитоб намекнунд, зеро даромадашон дар ин кишвар ба таври назаррас кам шудааст, мегӯяд роҳбари Шӯрои комиссияи умури миллатҳои Маскав Юрий Московский.

"Росия барои муҳоҷирон ҳамчун кишвари манбаи даромад аҳамияташро гум мекунад. Алалхусус ин пас аз хело коҳиш ёфтани арзиши рубл ба назар мерасад. Мисол, агар муҳоҷирон аз Украина ё Белорусро нигарем, онҳо ба Полша рӯй овардаанд, ки дар он ҷо музд 2-3 баробар зиёдтар аст", - тавзеҳ дод вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Вазъ дар кишварҳои ОМ назар ба Белорус ё Украина дигар аст - мардум дар кишвари манбаи кор интихоб надоранд. Барояшон ғайр аз Қазоқистон, ки дар он ҳам бошад бозори меҳнат бисёр кӯчак аст, интихобе нест.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

Аммо бо назардошти арзиши патент ва дигар ҳуҷҷатҳоИ иҷозаи кор ва иҷораи манзил, даромад чандон зиёд нест, ки дар хориҷ кор ҷӯянд, ба ҳар ҳол то анҷоми пандемия.

Ва ин бонги хатар на танҳо ба кишварҳои осиёимарказӣ, ки маҷрои "пули муҳоҷирон"-ро гум кардаанд, балки барои иқтисоди Русия низ мебошад.

"Суханҳои Собянин маънои онро дорад, ки ба андешаи мутахассисони ба ном мутахассис, талабгарони баста шудани марзҳо нигоҳ накарда, роҳбарияти олии Русия дарк мекунад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар иқтисоди Русия ҳаётан муҳиманд, - таъкид мекунад Московский. - Ва сухан на танҳо дар бораи норасоии муҳоҷирон меравад. Одамон - манбаи бузурганд, ҳаракатдиҳандаи бахши хизматрасониҳо ва гардиши мол мебошанд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст".
Женщина убирает опавшие с деревьев - Sputnik Тоҷикистон
Собянин аз норасоии муҳоҷирон дар Маскав гуфт: на ҳама маскавиҳо барои кор омодаанд

Муҳоҷирон ҷое нарафтаанд

Бояд қайд кард, ки ҳиссаи дақиқи баромади муҳоҷирон на он қадар бузург аст. 40 дар сад ин нишондоди баландтарин дар соҳаи алоҳида аст, омори дақиқро муайян кардан мушкил аст, зеро бештари муҳоҷирон дар "минтақаи хокистарӣ" зиндагӣ мекунанд, ки муздашонро дар дохили конверт мегиранд.

Ҳамин тавр, бино бар иттилои Федератсияи муҳоҷирони Русия, шумораи муҳоҷирон амалан кам нашудааст, ба гуфтаи ФМР, онҳо ҷои рафтан надоштанд, пас аз карантин бештарашон қарор доданд, то дар Русия монанд, зеро баъди баргаштан ба ватан пайдо кардани кор мушкилии рақами яки онҳо мешуд.

"Хуруҷи муҳоҷирон на бештар аз 1-2 дар садро ташкил додааст, бо назардошти он ки аз 15 март тартиботи будубоши муҳоҷирон ба чанд бор тағйир ёфт, ҳамчунин тартиби ба даст овардани патент то дараҷаи будубош дар Русия бидуни он дигаргун гашт. Ва дар ин ҳолат, мо метавонем дар мавриди кам шудани патентҳои додашуда тахмин занем. Дар мавриди соҳаи фаъолият  бошад, ЖКХ на бештар аз дигарон зарар дидааст", - таъкид карданд дар ФМР.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

Аммо хуруҷи зиёди муҳоҷирон ба бештари соҳаҳои иқтисод сахт таъсир нахоҳад расонд(ба ғайр аз сохтмон). Эҳтимоли ғолиб ин ҷо сухан дар "комфорт"-ест, ки барои сокинони бештари шаҳрҳои калон одат шудааст.

"Мо сахт аз муҳоҷират вобаста нестем, шаҳрвандони хориҷӣ - аз 2 то 3 дар сад қувваи кории тамоми Русияро ташкил медиҳанд. Танҳо бе муҳоҷирони меҳнатӣ ба мо мушкилтар ва зиндагӣ камроҳаттар мешавад. Пештар бо хизматрасонии дараҷаи паст қаноат мекардем. Такси шаҳомате буд , ки пас аз даъват кардан танҳо баъди як соат ба дари хонаат меомад, касе хӯрокаро то дари хона намерасонид, кӯчаҳоро ҳам ҳар рӯз тоза намекарданд. Аммо ин аз он намегӯяд, ки шумо ба он вақтҳо бамегардем", - таъкид мекунад Юрий Московский.

Подписания Меморандума между Министерством труда, миграции и занятости Республики Таджикистан и Международным центром развития миграционной политики - Sputnik Тоҷикистон
Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

Дар масъалаи ифтитоҳи шитобноки марзҳо бошад, - ин ҷо тарси пандемия аз тарси норасоии қувваи корӣ бузургтар аст, мегӯяд роҳбари "Иттиҳодияи муҳоҷирони меҳнатӣ" Ренат Каримов.

"Фикр мекунам, гуфтаҳои Собянин ин ҷо кӯмак намекунанд. Дар як тараф масъалаи тозагии Маскав бошад, ҷониби дигар хатари паҳншавии босуръати коронавирус аст. Барои ҳамин норасоии қувваи корӣ - нақшмояе нест, ки тавонад марҳилаи ифтитоҳи марзҳоро наздик кунад", - тавзеҳ медиҳад Каримов.

Дар як нуқтаи назар ҳамаи коршиносон ҳамфикранд - кӯшиши мақомот дар пур кардани ҷои муҳоҷирони хориҷӣ аз ҳисоби муҳоҷирати дохилӣ бесамар хоҳад буд. Бекорӣ дар Русия чун дар Аврупо, хусусияти сохторӣ дорад. Шаҳрвандони Русия дар бештари ҳолатҳо, ҳатто ҳангоми мавҷуд будани ҷои кории холӣ, кӯшиши ишғол кардани онро намекунанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Русия ҷои муҳоҷирони меҳнатиро касе гирифта наметавонад.

 

Лентаи хабарҳо
0