Барканории ду масъули тиббию санитарии Суғд

© Министерство здравоохранения РТМинистр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, сардорони шуъбаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт аз мақом барканор шудаанд

 ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, бо судури ду фармон Ҷамолиддин Абдуллозода, дар сохтори тандурустии шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъйиноти кадрӣ гузаронидааст.

Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат барканорӣ ва таъиноти раисонро ба салоҳияти вазири маориф вогузор кард

Бар асоси фармонҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Гулшан Мадаминова ва Шуҳрат Имомназаров, сардорони шуъбаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт барканор шуда ба ҷойи онҳо нафарони дигар ба ин мақом таъйин шудаанд.

Зимнан сабаби барканории ин ду масъули соҳаи беҳдоштӣ шарҳ дода нашудааст. Мадаминова ва Имомназаров ҳарду наздик ба чор солӣ, дар вазифаи сардори КАТС дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт кор кардаанд.

Таъиноти кадрӣ дар Хатлон: ҳафт нафар вазифа гирифтанд - се зан

Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, ҳоло Насиба Ахмедҷонова ва Мавҷуда Аслонова иҷрокунандаҳои вазифаи сардори КАТС дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт таъйин карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0