ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рӯзи 19 октябр дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр баргузор гардид.
Дар ин бора Сафорати тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, ҳамкриҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд.
Хатмкардаи “Ал-азҳар”, донандаи 5 забон: сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кист?
"Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ёфтанд", - омадааст дар хабарнома.
Маросими ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ аз сар гирифта шуд
Ёдрас мешавем, ки Акрам Каримӣ ба тозагӣ - моҳи августи соли равон, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, яке аз кишварҳои калидии олами ислом таъин шуд.
Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул соли 1978 дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дипоматияро дар Донишгоҳи “Ал – азҳар” – и Мисри Араб омӯхтааст.