"Ашки фариштаҳо дар ҳасрати хоҳар": ҳафт кӯли аҷиби Тоҷикистон - акс

Обуна шудан
Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст

Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад.

Памятник Лоику Шерали в городе Пенджикент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмонхонаҳои Панҷакент ба системаи ҷаҳонии иҷорагирии Booking дохил шудаанд

Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад.

Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст.

Мардуми Ишкошимро аз хатари нашъамандӣ огоҳ карданд

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. 

Ривояти халқӣ

Дар бораи пайдоиши кӯлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ӯ ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ буд, ки ӯро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад, Ҳокими солхӯрда гӯё аз нерӯи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рӯзи тӯй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадааст.

Ривояти дигар ҳамин, ки дарёчаи Шинг беҳад беқарору шух будааст. Ҳеҷ намехоҳад байни кӯҳҳо ором ҷорӣ шавад. Аммо ин ба кӯҳҳо намефорад ва дарёчаро сарзаниш мекунанд ва пеши раҳашро мебанданд. Акнун ба дарёча лозим меояд, ки дар ҳафт ҷо таваккуф карда, баъдан ба водӣ ҷорӣ шавад. Ҷиҳати илмиш бошад, онро ба заминларза вобаста медонанд, ки дар натиҷа дар чанд ҷойи шингдарра кӯчиши кӯҳ анҷом мешавад ва пеши раҳи дарёча баста мегардад. Ин ходиса айнан монанд аст ба хаводиси кули Сарез ва ё Искандаркул.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад
Озеро Хазорчашма - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст
Озеро Хазорчашма - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад
Озеро Маргузор - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад
Озеро Маргузор - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст
Озеро Хурдак - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир аст
Озеро Нофин - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир аст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст
Озеро Нофин - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСокинони маҳаллї мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд
Озеро Хушёр - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Сокинони маҳаллї мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев
Озеро  Хушёр - Sputnik Тоҷикистон
9/13
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад
Озеро Соя - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев
Озеро Соя - Sputnik Тоҷикистон
11/13
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад
Озеро Мижгон - Sputnik Тоҷикистон
12/13
Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад
© Sputnik / © Sputnik / Амир Исаев Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад
Озеро Мижгон - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад
Лентаи хабарҳо
0