Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди мигрантов в УФМС
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои мусалмонони Русия дар 18 минтақаи кишвар барои муҳоҷирон Маркази имдодрасонӣ ифтитоҳ мекунад. Ба ин марказ тамоми муҳоҷирон новобаста аз дину миллаташон метавонанд муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Русия Маркази ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ифтитоҳ мешавад, гузориш медиҳад РИА Новости.

Афзун бар марказ, барои муҳоҷирон телефони боварӣ фаъол шуд, ки онҳо новобаста аз миллат ва мазҳабашон метавонанд ба он занг зада, кӯмак дарёфт кунанд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки барои муроҷиат будубоши қонунӣ ё ғайриқонунии муҳоҷирон муҳим нест.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия Албир Крганов ин лоиҳа дар 18 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст.

"Дар давоми чанд ҳафта мо сомонаи "Росмигрант.рф"-ро бо чанд забон роҳандозӣ мекунем. Дар он ба масоили муҳоҷиратӣ маълумот дода, хоҳишмандон метавонанд ба саволҳояшон тариқи WhatsApp, Viber ё тариқи паёмак посух гиранд", - қайд мекунад Крганов.
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон ҳангоми пай бурдани нишонаҳои CoViD-19 дар худ бояд ба куҷо муроҷиат намоянд

Ҳамчунин вай таъкид кард, ки ба муҳоҷироне, ки дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд бояд кӯмак кард, то тибқи қонунгузории кишвар будубошашонро қонунӣ кунанд. 

 

Крганов гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо ин муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунанд.

"Мо ҳама якҷо барои ҳалли мушкилии эшон кӯшиш хоҳем кард, зеро мақсади мо кӯмак аст, на ҷарима ва ё ихроҷ", - мегӯяд муфтӣ.

Дар навбати худ Шӯрои уламои мусалмонони Русия бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, ВКД, ки ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд, ҳамкорӣ мекунад.

Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

Ин амал ифротгароиро ва ҷиноятро пешгирӣ мекунад ва муносибатҳои байниқавмӣ ва байни мазҳабиро қавӣ мегардонад ва боиси зудтар одат кардани муҷоҳирон ба муҳити Русия мегардад.

Крганов дар анҷом қайд кард, ки дар давоми пандемияи коронавирус шӯро ба муҳоҷирон кӯмаки моддӣ низ расонмида буд.

Лентаи хабарҳо
0