ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар шимоли Афғонистон, дар марзи Тоҷикистон ҳамла оварданд. Дар ин бора телевизиони маҳаллии Tolo News хабар медиҳад.
Бино бар иттилои расмӣ, толибон ба гузаргоҳи минтақаи Имом-Соҳиб ҳамла карданд. Дар натиҷа байни ҷангиён ва нерӯҳои кишвар задухӯрд сурат гирифтааст.
Дар рафти тирпарронӣ шаш намояндаи ихтиёриён ва ду корманди полис қурбон шуданд.
Ёдрас мешавем, дар Афғонистон мухолифати шадиди байни нерӯҳои ҳукумат ва толибҳо идома дорад. Пештар ҷангиён ҳудуди бузургеро дар деҳотҷойҳо ба даст оварданд ва феълан ба шаҳрҳои бузург ҳамла мекунанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бозгашти “низоми иморати Толибон”- ба Афғонистонро рад кард
Дар ҳамин ҳол, дар Қатар бори нахуст дар давоми даҳсола гуфтушуниди бевосита байни ҳукумати Афғонистон ва "Толибон" идома дорад.