ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон субҳи имрӯз якшанбе дар садри ҳайате озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор аст дар ин сафар бо раисиҷумур, вазири умури хориҷа, раиси маҷлис ва дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва дар бораи охрин таҳаввулоти Афғонистон, раванди музокироти сулҳ ва зарурати иҷмоъ ва ҳимояти минтақаӣ аз ин раванд гуфтугӯ кунад.
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пеш аз ин ҳам ба Ҳинд ва Покистон сафар карда буд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бозгашти “низоми иморати Толибон”- ба Афғонистонро рад кард
Музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар аз ҳудуди як моҳи пеш оғоз шуда ва то кунун ҳеч дастоварде надошта ва ҳамин мавзӯ боиси нигаронии мардум шудааст.
Огоҳони сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раванди сулҳи Афғонистон роҳгушо аст ва Эрон метавонад дар сулҳ ва таъмини суботи пойдори Афғонистон нақши таъйинкунанда дошта бошад.