ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Соҳибкори ватанӣ Қурбонов Илҳомҷонро дар рӯзи равшан беш аз 5 миллион сомонӣ ғорат карданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, мудири "Оли Сомон" дар маҳаллаи Дарвози ноҳияи Фирдавсӣ мавриди ҳамлаи ниқобпӯшон қарор гирифт ва аз худраваш "Лексус RX - 350" маблағ тасарруф намуданд.
РВУД мегӯяд, ниқобпӯшон бо таҳдиду зӯроварӣ аз худрави соҳибкор 406 000 доллари амрикоӣ ва 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ дуздиданд.
Зимнан, бо фармоиши сардори Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Ш.Р. гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд.
Тағо ва ҷиян буданд: боздошти дуздони касбӣ, ки 10 мағозаи "Фаровон" - ро ғорат карданд
Манбаъ меафзояд, бо гузашти як шбонарӯз се тан аз дастандаркорони ин ҷиноят боздошт шуданд.
Кормандони РВУД, Шамсиддинов Далери 36 - сола, Эргашев Шавкати 38 - сола, Достов Абдуламони 28 - соларо боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҳамла ба соҳибкори ватанӣ муттаҳам дониста мешавад.
Гузашта аз ин, кормандони пулиси Душанбе муайян намуданд, ки ду нафари дигар Азизов Фирӯзи 28 - сола ва Исматов Бодури 32 - сола низ дар ин ҷиноят даст доранд ва феълан онҳо дар ҷустуҷӯй қарор доранд.
"Ҳамаи нафарони зикргардида дар ҳайати як гуруҳи ҷиноӣ шомил буда, пешакӣ нақшаи содир намудани ҷиноятро таҳия намуда, ҳангоми амалинамоӣ ҳар яке нақши худро бозидааст", - таъкид мешавад дар хабар.
РВУД аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар сурати пайдо кардани ягон маълумот дар мавриди ин ду нафар ба кормандони пулис хабар диҳанд.