Талафоти бузург дар фурудгоҳи Хуҷанд: Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиб даргузашт

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиби Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Хабари даргузашти табиби Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷандро яке аз хешовандони оилаи Ҳафизовҳо ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.

 “Дирӯз моро хабар карданд, ки акои Абдумалик аз дунё даргузаштаанд. Шунидани ин хабар, барои мо пайвандон хеле риққатбор буд ва то ҳол фикр мекунам, ки чи гуна як табиби ҳозиқ дигар дар ҷамъи мо намебошад. Он кас табиби ба касби худ содиқ ва як инсони оромтабиат буданд, ки ҳамеша кӯшиши анҷом додани ягон кори некро доштанд” - зикр намуд ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдумалик Ҳафизов чанд рӯзи охир дар хонааш аз бемории “илтиҳоби шуш” ранҷ мекашид. Ин манбаъ даргузашти муовини сартабибро як талафоти бузург дар Фурудгоҳи Хуҷанд арзёбӣ кард.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
"Мариз набуд": Абдуллоҳи Муҳаққиқ даргузашт

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, Абдумалик Ҳафизов 11 марти соли 1957 дар ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1978 институти тибби шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Солҳои зиёд дар сохтори тандурустӣ, дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Чанд муддат сартабиби Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд буд ва соли охир вазифаи муовини сартабибро бар уҳда дошт. Маросими ҷанозаи Абдумалик Ҳафизов, соати 16 - и баъд аз зуҳри дирӯз дар шаҳри Гулистон баргузор шудааст.

Даргузашти муовини сартабиби Фурудгоҳи Хуҷанд дар синни 63-солагӣ дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар 56-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.

Пеш аз ин, Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва яке аз муфаттишони маъруфи тоҷик дар синни 67 – солагӣ олами фониро падруд гуфт.

Рӯзи 13 октябр, Мавлуда Рофиева, хабарнигори расонаи Asia-Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0