Мақомоти вилояти Хатлон ба Убайдулло Раҷабов сипоснома дод

© Пресс-служба руководства Хатлонской областиВручении грамоты народному артисту СССР Убайдуло Раджабову
Вручении грамоты народному артисту СССР Убайдуло Раджабову - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар толори Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва як қатор ҳунарпешаҳои маъруфи мамлакат иштирок доштанд.

Фрагмент раскопок поселения Саразм - Sputnik Тоҷикистон
"Тоҷикфилм" дар бораи Саразм филми мустанад меофарад

Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм”, зимни суханрониаш 90-солагии синамои миллиро ба кулли ҳунармандон, кормандони соҳа ва алоқамандони кинои тоҷик самимона муборакбод гуфта, ба роҳбарияти мақомоти вилояти Хатлон барои мусоидати ҳамаҷониба ва дастгирии соҳаи синамои миллӣ арзи сипос намуд.

Манбаъ таъкид доштаааст, ки ба як қатор ҳунармандони саршинос, аз ҷумла Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, Назирмат Мӯсоев, Зулхумори Иброҳим, Тоҷинисо Саидова, Моҳпайкар Ёрова ва филмофарони муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” ва раёсати “Тоҷикфилм” дар вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Гуфта шудааст, ки дар ин ҳамоиш инчунин нахустнамоиши филми ҳунарии истеҳсоли “Хатлонсинамо” бо номи “Фариштаи умед” манзури ҳаводорони синамои миллӣ гардид.

Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” таҳти сарпарастии мақомоти вилояти Хатлон қарор дошта, бо мақсади таҳияи филмҳои сирф миллӣ, тарғибу ташвиқи суннату анъанаҳо, тарбияи ҳисси ватанпарастӣ, густариши ойинҳои фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, инчунин таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи кишвар таъсис дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0