ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар назди гармхона парвариши гулҳои ороишии навъи хризантемаро роҳандозӣ кардааст, ки айни замон нашъунамои хуб доранд. Дар маҷмӯъ майдони умумии парвариши гулҳо 15 садяк заминро ташкил дода, дар он нуҳ намуди хризантема нигоҳубин карда мешавад.
Манбаъ афзуд, ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки шуруъ аз 15 октябр ин навъи гул мешукуфад ва то анҷоми моҳи декабр зебову шукуфон боқӣ мемонад.
"Хризантема асосан барои зебу зиннат додани кӯчаву гулгашт ва майдонҳои фароғатӣ истифода гардида, аллакай барои дастрас намудани он аз саросари ҷумҳурӣ дархост фиристода шудааст. Айни замон дар хоҷагии деҳқонӣ 5 ҳазор бех ин навъи гул парвариш меёбад ва хоҷагидорон ният доранд, ки майдони парвариши онро зиёд намояд, зеро дар ҳоли авҷи корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту фароғатгоҳҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, талабот ба чунин гулҳои ороишӣ сол то сол зиёд мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки хризантема гули мавсимӣ буда, дар ҳавои нисбатан салқин мешукуфад ва дар фасли тирамоҳу аввали зимистон кӯчаву гулгашт ва ҳавлию роҳравҳоро бо ҳусни нотакрораш зебу оро медиҳад. Зикр шудааст, ки ин навъи гул, ки ба иқлим ва боду ҳавои кишвар мутобиқ аст, аз Нидерландия ворид карда мешавад.
Зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон ба тарзи нигоҳубини Хризантема дар хоҷагӣ баҳои баланд дода, ба масъулин дастур додаст, ки майдони парвариши онро васеъ намоянд, таъкид кард котибот.
Манбаъ афзуд, ки хоҷагӣ дар масоҳати як гектар 8 гармхона бунёд намуда, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, қулфинай, сирпиёз ва дигар номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.