ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Гутерриш дар паёмаш ба Раҳмон навиштааст, ки бо камоли мамнуният табрикоти самимии хешро ба муносибати савгандёдкунии дарпешистодаатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
"Умедворам, ки раванди ҳамкориро барои манфиати мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла тариқи Ҳамоҳангсози муқими СММ ва ҳайати кишварии СММ дар Тоҷикистон, инчунин Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ идома хоҳем дод", - омадааст дар паёми Гутерриш, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.
Манбаъ афзуд, Созмони Милали Муттаҳид ба уҳдадорӣ ва дастгирии пайвастаи Тоҷикистон аз арзишҳо ва принсипҳои СММ, аз ҷумла дар соҳаи сулҳу амният, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон такя мекунад.
"Ҷаҳони имрӯза бо чолишҳои бесобиқа дар вокуниш ба бемории ҳамагири COVID-19 рубарӯ мебошад. Дар ҳоле ки чолишҳои мазкур таваҷҷуҳи саривақтиро талаб менамоянд, дигар масъалаҳоро низ наметавон канор гузошт. Ман боварии комил дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо ба ҳаллуфасли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обу нигаҳдошти пиряхҳо, идомаи талошҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва пуштибонӣ аз мултилатерализм содиқ хоҳад монд", - таъкид кардааст дабири кулли СММ.
Ӯ дар охир ба Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои масъулиятҳо зимни даври нави президентӣ комёбиҳо орзу намуда, афзудааст, "умедворам аз имконияти суҳбат бо Шумо, дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Созмони Милал ва Тоҷикистон бархурдор бошам".