Абдуллоҳ Абдуллоҳ бозгашти “низоми иморати Толибон”- ба Афғонистонро рад кард

© Фото : Dr. AbПремьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла
Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бозгашти низоми иморати Толибонро дар ин кишвар рад кард

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа эълом кард, ин иштибоҳи муҳосиботӣ аст, ки низоми иморати Толибон бори дигар ба Афғонистон бозгардад, зеро барои мардуми ин кишвар қобили пазириш нест, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Делегация движения Талибан (запрещено в РФ), прибывшая в Катар на переговоры с правительством Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон: Толибон музокироти сулҳро ба бунбаст кашондаанд

Бино бар иттилои манбаъ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо ишора ба раванди музокироти сулҳи ин кишвар дар Қатар афзуд, афзоиши хушунат аз тарафи гурӯҳи Толибон роҳи расидан ба сулҳ нест ва Толибон наметавонад имтиёз бигирад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъкид кард, расидан ба тавофуқномаи сулҳ байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон набояд сабаби поймол шудани ифтихороти мардуми Афғонистон шавад ва ҳайати музокиракунандаи давлат дар Қатар намояндаи мардум аст.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин хотирнишон кард, масъалаи хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар шароити кунунӣ матраҳ нест ва дар оянда дар бораи он баҳс хоҳад шуд.

Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон барои поёни ҷангу даргирӣ дар Афғонистон аз 12 сентябр дар Доҳа, пойтахти Қатар оғоз шудааст, аммо то кунун тарафайн ба тавофуқе нарасидаанд.

Лентаи хабарҳо
0