ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузориш додааст, озмуни ҷумҳуриявии драманависон, ки ин ниҳод бахшида ба 30-солагии Истиқлол эълон карда буд, 14 октябр ҷамъбаст гардид.
Бино бар иттилои манбаъ, мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ ба Ўрунбой Усмонов барои драмаи дупардагии “Қарз”, ба Гулчеҳра Муҳаммадиева барои драмаи дупардагии “Печутоби тақдир”, ба Ҳалим Шариф барои драмаи дупардагии “Фоҷиаи Тангроҳа” ва ба Абдуғаффор Абдуҷаббор барои драмаи дупардагии “Бобуна”лоиқ дониста шуд.
Иброҳим Усмонов бо драмаи дупардагии “Даҳ рўзи генерал Шерак” ва Абдувадут Файзиев бо мазҳакаи дупардагии “Фарёди ишқ” ҷои сеюми озмунро ба даст оварданд.
Қадрдонии панҷ корманди Вазорати фарҳанг бо медали “Хизмати шоиста”: ном ба ном
Мазҳакаи дупардагии Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Муаллими рақс” ва драмаи дупардагии Шодӣ Солеҳ “Қумрӣ шишту Шоҳин парид” сазовори ҷои дуввум дониста шуданд.
"Ҷойи якуми озмун тибқи қарори ҳайати ҳакамон ба ягон асар дода нашуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Вазорати фарҳанг менависад, ба ҳайати ҳакамон "шахсиятҳои шиносхтаи соҳа" шомил буданд.
Ғолибон бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.