Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст: дар Қаробоғи Кӯҳӣ бояд низомиёни нозири Русия бошанд, аммо қарори ниҳоӣ пас аз тасмими ҷонибҳои муқобил қабул хоҳад шуд.
Дар бораи он ки ҳайъати оштидиҳии Русия дар Қаробоғ ба кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва дар солҳои 90-ум ин танишро чигуна кӯшиш карда буданд, пешгирӣ кунанд, аз маводи РИА Новости хонед.
Посухро нашуниданд
Дар бораи "кулоҳҳои кабуд" бояд пеш аз ҳама Озарбойҷон ва Арманистон ба мувофиқа оянд. Котиби раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кардааст: "Ҳамагуна ҷойгиркунии ҳамагуна оштидиҳандагон, ҳар касе бошад, бояд бо ризогии ҳарду ҷониб сурат гирад. Ва афзуд: "То ҳол, мо посухе дарёфт накардаем".
Як рӯз пеш, 14 октябр, президент Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо телевизиони туркии Haber Turk чунин гуфт: "Агар яке аз ҷонибҳо мухолиф бошад, ин имкон надорад. Нуқтаи дувум ин аст, ки ҳама бояд дарк кунанд, ки сухан дар бораи ҳудуди мустақили Озарбойҷон меравад. Бе розигии мо касе наметавонад нафареро ирсол кунад. Ин нақзи қовонини байналмилалӣ аст".
Алиев ба Sputnik аз имрӯзу фардои Қаробоғ гуфт - навор
Роҳбари Озарбойҷон афзуд, вуруди нозирон дар усулҳои асосии ҳаллу фасли сулҳ пешбинӣ шудааст. "Аммо ин банди охирон аст. Масъала феълан дар марҳилаи баррасӣ аст, зеро то ҳол дигаргунии назаррасе нест", - таъкид кард Алиев.
Ба қавли вай, бояд ба гуфтушунидҳо Туркия ҷалб карда шавад ва ба самаранокии кори гурӯҳи бо ном Мински САҲА, ки ба баҳси соли 1992-уми Қарабоғ машғул аст, эътимод надорад.
Муштарикони он - Русия, Фаронса ва ИМА, аъзоҳо бошанд, ба ғайр аз Арманистон ва Озарбойҷон, - Белорус, Олмон, Италия, Шветсия, Финландия ва Туркия мебошанд.
"Дар ин гурӯҳ кишварҳое ҳастанд, ки ба минтақа дастрасӣ ва дар минтақа нуфузе надоранд, - тавзеҳ дод Алиев. Агар мо ҳалли танишро хоҳем, кишварҳое лозиманд, ки дар ҳақиқат метавонанд. Дар оштӣ нақш дошта бошанд. Дар нақши чунин кишвар мо албатта Туркияро мебинем".
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян қайд кард, ки масъалаи ворид шудани оштидиҳандагони Русияро бояд баррасӣ кард. "Аммо ин гуна масъалаҳо бояд дар миқиёси бузургтар ба монандаи Гурӯҳи Минскии САҲА баррасӣ шаванд", - гуфтааст сарвазир ба Al Jazeera.
Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас иттилоъ дод, ки шӯрои доимии созмон муроҷиати сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Арманистон Зограб Мнасаканянро дар мавриди вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ гирифтааст.
"Ворид кардани ҳайъати оштидиҳанда ба минтақа баррасӣ мешавад", - таъкид кард Зас.
Ва афзуд: "Мо иштироки кишварҳоеро, ки узви Гурӯҳи Минскии САҲА мебошанд, истиқбол мегирем ва ин танҳо дар ҳошияи ваколатҳое аст, ки ба онҳо дода шудааст".
Нуҳуми октябр вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон Зограб Мнасаканян ва Ҷайҳун Байрамов бо миёнравии Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав ба мувофиқа омаданд, ки кишварҳо оштӣ мекунанд. Дар назар дошта шуда буд, ки нимаи рӯзи дигар оташбас эълон мешавад. Аммо амалиётҳои ҷангӣ аз сар гирифта шуданд.
Русия омодаи пешниҳоди майдони гуфтугӯҳост: Захарова дар бораи танишҳо дар Қаробоғ
Фосила байни дидгоҳҳо
Қафқозшиноси рус, номзади илмҳои сиёсӣ Артур Атаев дар бораи мушкилие, ки оштидиҳандагонро интизор аст, гуфт.
"Минтақа аз нигоҳи ҷуғрофӣ сода нест. Ҳанӯз дарк нашудааст, ки куҷо метавон хатти тамосро кашид. Як ҷониб мегӯяд, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ва 7 ноҳияи назди он ба Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳии эътирофношуда тааллуқ дорад. Барои дигар ҷониб чӣ худи Қаробоғ ва замини атрофи он - ҳудуди Озарбойҷон аст. Фосила байни ин нуқтаҳои назар аст", - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи сиёсатшинос, то замоне, ки амалиётҳои ҷангӣ мераванд, барои баррасии ҷиддии ҳайъати оштидиҳандагон шарти пешакие вуҷуд надорад.
"Барои ташдид шудани вазъ бошад, баръакс, ҳаст. Зоҳиран, дар минтақаи даргирӣ узви гурӯҳҳои ҳарбие фаъолият мебаранд, ки омодаанд ҳама гуна созишро шикананд. Дар бораи ба Қафқоз интиқол ёфтани ҷангиёни Шарқи Наздик роҳбари Хадамоти иттилооти хориҷии Русия Сергей Наришкин ёдрас шуд. Ин гуна изҳоротҳо бидуни далеле гуфта намешаванд", - таъкид мекунад Атаев.
Аз як тараф Русия таҷрибаи ҷойгир кардани қувваҳои сулҳоварро дар Қафқоз - Осетияи Ҷанубиро дорад. Он ҷо иштирокдорони таниш роҳи гуфтугӯро ёфта буданд. Аммо ҳуҷуми ҳарбии Гурҷистон ба нозирони Русия дар Тсинвале иддаи тақсими мухолифин ба тавассути як нерӯи севумро то ҳадди зиёде беэътибор кард.
"Низомиёне, ки ин гуна вазифаҳоро иҷро мекунанд, метавонанд дар ҳамагуна вазъ ба гуфтушунид бароянд. Дар Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон созиш дар бораи хатти оташ ва минтақаи бидуни тамос амал мекард. Аммо дар ҷо 68 ниомии рус қурбон шуда буд. Барои ҳамин, Маскав масъаларо чуқур баррасӣ хоҳад кард", - мегӯяд коршинос.
Роҳи ҳалли эҳтимолӣ - ширкати СААД дар тақсим кардани ҷонибҳо мебошад. "Ин метавонад чун нақтаи рушд дар созмон хизмат кунад", - тахмин мезанад Атаев.
Дар соли 1980 дар аввалҳои соли 1990 ҷонибҳои мухолиф дар минтақа қисме аз Артиши советӣ ва қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравиро ворид карда буданд.
Аммо на ҳамаи онҳоро ба сифати оштидиҳандагон қабул карданд, - ҳам арманиҳо ва ҳам озарбойҷониҳо таъна заданд, ки онҳо ба ҳариф кӯмак мерасонанд.
Пешниҳоди Жириновский: Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия ворид шавад
Сергей Шатко дар вилояти мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ дар ҳайъати воҳидҳои ҳанги иртиботи давлатӣ хизмат мекард.
Ӯ худро куҳансарбози амалиётҳои ҷангӣ намедонад - ҳарбиёне, ки дар Қарабоғ ҷанг кардаанд, ин гуна статус надоранд. Вай байни мавқеияти ҳуқуқии номафҳуми сулҳбозони он замон ва авзои ошуфтаи сиёсии авоили солҳои 90-ум қаринаҳоеро тарсим мекунад.
"Мо бо ҷонибҳои ҷангкунанда мисли ҳамватанонамон, ки бояд ҳифзашон мекардем, муносибат доштем, - ба ёд меоварад Шатко. - Тавре афсари баталиони озоди курсантони омӯзишгоҳи ВКД СССР дар Сумгаита гуфта буд:"Ҷанг идома дорад, мардумро мекушанд ва вазифаи мо дар он аст, то нишон диҳем, ки ҳукумати советӣ дар ин ҷо буд, ҳаст ва мемонад." Аммо натавонистанд. Дар марказ шояд намефаҳмиданд, ки чигуна вазъро ба эътидол оваранд. Одамони гуногунро дучор мешудем, бештарашон фикрҳои солим доштанд, аммо нафароне низ буданд, ки моро ба дастгирии ҷониби дигар муттаҳам мекарданд. Ба онҳо сулҳ не, автоматҳои мо лозим буд, ки ба сӯи якдигар тир кашанд.
Қисмҳои ахири аз Степанкерт соли 1992 рафта буд, ҷонибҳо амалан амалиёти ҷангӣ мебурданд, барои ҳамин барои берун кардани қисмҳои ҳарбӣ, кишваре ки аллакай вуҷуд надошт, амалиёти низомӣ ташкил карданд.
"Сиёсатмадорон аз ҳарду ҷониб на ба сулҳ, балки барои ба даст овардани қудрат кӯшиш мекарданд. Ба он миллатгароён низ пайваст шуданд, - идома медиҳад Шатко. - Ягона чизе, ки онҳо мехостанд, - пирӯзӣ бо шартҳои онҳо буд. Дигар чизе не. Қарабоғро қӯшунҳои дохилӣ, қисми ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарк карданд ва ҳама барҳам пошид. Касе дигар кӯшиш накард, ки ҷонибҳои ҷангкунандаро аз ҳам ҷудо кунад. Пас аз тақсим кардани ғанимати Округи ҳарбии Красноземное ва Закавказ ҷонибҳо силоҳ ва техникаи ҷангӣ ба даст оварданд ва оташи ҷанг аланга гирифт."
Генерал-майори хадамоти дохилӣ Владимир Ворожсов дар аввалҳои соли 1990 дар Закавказ дар сафарҳои хидматӣ буд.
Ҳоло бо истеҳзои тунде ба ёд меовард: ҳамхизматони вай гоҳе дар кӯҳҳои Арманистон, гоҳ дар кӯҳҳои Озарбойҷон меҷаҳиданд - аз он вобаста ки дар куҷо адои хидмат мекарданд.
"Мешуд, ки низомиён, ҳангоми қарор доштан дар ҳудуди Арманистон ё Озарбойҷон, чунон ба ақоиди сокинони маҳаллӣ дода мешуданд, ки қариб худро ба ҷониби даргирӣ шомил менамуданд, - иқрор мешавад вай. Иттиҳомот ҳам аз ҳамин ҷост, ки Ҳарбии Советӣ ҳам ину ҳам онро ҷонибдорӣ кард. Аммо сарбозон асосан аҳолии маҳаллиро ҷонибдорӣ мекарданд. Бархеашон маҳз барои ҳамин ҷонашонро фидо карданд".
Ба гуфтаи Ворожсов, Русия барои миёнравӣ таҷриба дорад, афзун бар ин барои ҳайъати оштидиҳандагон кадр низ дорад.
"Технологияҳо коркард шудаанд, аммо дар амал мушкил аст: низомиёни ҷонибҳои муқобил ва миёнрав якҷо хатти тамосро тафтиш мекунанд. Аввалаш, иртиботи инсонӣ, дувум, ҷониби худашон тир намекушоянд", - тавзеҳ медиҳад вай.
Кӣ бояд вазифаи оштидиҳандаро иҷро кунад - на танҳо аз муносибати сокинони маҳаллӣ вобаста аст.
Путин дар бораи низои Қарабоғ: "Мардуми он ҷой барои мо бегона нестанд" - видео
"Бовариро бо амал ба даст меоваранд. Аммо шартҳои асосӣ - розигии ҷонибҳои мухолиф ба ҳузури маҳз ҳамин низомиён мебошад", - мегӯяд генерал.
Ин масъала сирф сиёсӣ мебошад. Ворид кардани воҳидҳо он вақт маъно дорад, ки вазифаи он муайян аст. Инро ҳам дар Боку, ҳам дар Ереван ва ҳам дар Маскав хуб дарк мекунанд.