Заминларза дар Тоҷикистон

Душанберо заминларза такон дод

© AFP 2023 / FREDERICK FLORINСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар қисмати ҷанубу шарқи  Душанбе воқеъ буд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Имрӯз соати 15:10 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар километри 295-уми қисмати ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон воқеъ будааст.

"Шиддати заминларза дар маркази он 4 балл ва дар Душанбе — 2-3 баллро ташкил дод", - омадааст дар хабарнома.

Ишкошимро заминҷунбии 4,1 - балла ларзонд

Рӯзи 7 октябр, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошим низ заминларза ба қайд гирифта шуд, ки шиддати он то Покистони ҳамсоя низ эҳсос мешуд.

Ёдовар мешавем, ки заминларзаи қаблӣ низ дар шарқи Тоҷикистон, вале аллакай дар наздикии Мурғоб рух дода буд. Шиддати он то Шинҷон-Уйғури Чин эҳсос карда шуд. Он замон қувваи заминларза ба 4,5 - дараҷа баробар шуд.

Лентаи хабарҳо
0