ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. ВКД таъкид доштааст, ки бештари ноболиғоне, ки даст ба қонуншиканӣ мезананд аз таҳсил дур мондаанд.
Тавре Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар додааст, зиёдшавии ҷиноят миёни ноболиғон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи ноболиғон ба тағйиротҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, костагии ахлоқ, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ ва ғайра вобастагӣ дорад. Онҳо пеш аз ҳама ба ҳифз, тарбияву роҳнамоӣ ниёз доранд, ки он бидуни таъсири калонсолон муяссар нахоҳад шуд”, таъкид доштааст оқои Назаров.
Гуфта шудааст, ки аз аввали соли ҷорӣ аз тарафи ВКД дар асоси нақша - чорабиниҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ 3384 рейд ва амалиёти муштарак таҳти номҳои шартии “Наврас”, “Оворагард” ва “Талбанда” гузаронда шуд, ки дар натиҷа 108444 ноболиғ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун дастгир гардид.
“Аз ҳисоби ноболиғони дастгиргардида 263 нафар дар қайди профилактикӣ қарор дошта, 8374 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 394 хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, коллеҷҳо, 150 ноболиғи коргар, 101 ноболиғ аз оилаҳои носолим ва 65 хонандаи мактаб - интернатҳои махсус ва боқӣ ноболиғоне, ки аз таҳсил дур мондаанд, мебошад”, қайд кардааст ВКД Тоҷикистон.
ВКД зикр кардааст, ки барои пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонуншиканӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9698 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулон тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид.
Қайд шудааст, ки дар натиҷа 5436 нафар, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, ба маблағи 738791 сомонӣ ҷарима шуда, 2255 нафар огоҳонда шуд. Инчунин, 2007 маводи дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.