Рӯзи 15 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1666 шоҳи Англия Чарлз II мӯди нав ҷорӣ намуд – ӯ аввалин маротиба камзӯлча ба бар кард.
Соли 1927 дар Иттиҳоди Шӯравӣ меъёри 7-соатаи рӯзи корӣ муқаррар карда шуд.
Соли 1932 ширкати миллии ҳавопаймоии Ҳиндустон — "Air-India" таъсис дода шуд.
Соли 1964 калонтарин қубури нафт дар ҷаҳон- "Дӯстӣ" ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2003 Чин аввалин кайҳоннаварди худро ба сайёра равон кард.
Рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2006 аз осорхонаи таърихии Қалъаи Ҳисор беш аз 60 нигораҳои нодир дуздида шуданд.
Соли 2011 Президент Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корхонаи коркарди тилло ва мулоқот бо сокинон ба маҳаллаи Шуғноби ноҳияи Ховалинг сафар кард.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодӣ – сармоягузории "Соҳибкорӣ иқтисодиётро таҳрик медиҳад" баргузор гардид.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон сафар кард.
Ҷашнҳои рӯзи 15 октябр
- Рӯз байналмилалии занони деҳот.
Рӯзи 15 октябр кӣ ба дунё омадааст
1809 — Алексей Колтсов, шоири рус.
1814 — Михаил Лермонтов, шоири рус.
1841 — Савва Мамонтов, метсенати ва соҳибкори рус.
1844 — Фридрих Нитсше, файласуфи олмонӣ.
1897 — Иля Илф, нависандаи шӯравӣ..
1905 — Чарлз Перси Сноу, нависандаи англис.
1926 — Мишел Пол Фуко, файласуфи фаронсавӣ.
1961 — Вячеслав Бутусов, мусиқачии рус, раҳбари гурӯҳи Nautilus pompilius ва "Ю-Питер".
1976 — Николай Басков, сарояндаи опера ва эстрада, Ҳунарманди мардумии Русия.
1981 — Елена Дементева, варзишкори русиягӣ, қаҳраомни олимпӣ (2008).
1986 — Анна Хилкевич, ҳунарманди синамо ва театри Русия.
Рӯзи 15 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1929 ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Муродбек Рамазонов.
Соли 1930 олим, академик Пулат Бобоҷонов.
Соли 1948 доктори илмҳои биологӣ Салимбек Расулов.
Соли 1950 ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддинов.
Соли 1951 шоир, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Раҳмат Назрӣ.
Соли 1978 мудири радиои "Азия-Плюс" Манижа Аҳмадова.
Рӯзи 15 октябр кӣ вафот кардааст
1852 — Фридрих Людвиг Ян, асосгузори варзиши сабуки муосир
1917 — ба дор овехта шуд Мата Хари, (номи асосӣ - Маргарета Гертруда Зелле) раққоса, яке аз машҳуртарин ҷосуси Ҷанги якуми ҷаҳонӣ.
2001 — Юрий Озеров, Ҳунарманди мардумии ИҶШС.
2017 — Дмитрий Марянов, щунарманди синамо ва театр.