ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод, хабар медиҳад котиботи презденти ин кишвар.
"Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте бошам, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам", - таъкид доштааст Жээнбеков.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Қирғизистон ба низои байни тазоҳуркунандагон ва нерӯҳои амниятӣ наздик аст.
"Ҳеҷ қудрат ба якпорчагии кишварамон ва ҳамоҳангӣ дар ҷомеа намеарзад" - афзудааст кишвардори Қирғизистон.
Ёдовар мешавем, қаблан Сооронбай Жээнбеков, ошкоро омодагии худро барои тарки мансаби сарвари давлат танҳо пас аз тасдиқи роҳбарони қонунии мақомоти иҷроия эълон карда буд.
Сарвари давлати Қирғизистон гуфтааст, ки кишвар бояд роҳи қонуниятро пеш гирад ва қайд кардааст, ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ба як нуқтаи буҳронӣ расидааст.
"Мо бояд ҳарчи зудтар вазъи мавҷударо ба раванди қонунӣ баргардонем. Пас аз тасдиқи роҳбарони қонунии ҳокимияти иҷроия ва кишвар роҳи қонуниятро пеш гирифтан, ман омодаам аз вазифаи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон равам",- гуфтааст Жээнбеков.
Мадумаров, зодаи Қадамҷой ноиби нави нахуствазир шуд: вазифа – ҳалли баҳси марзӣ
Барои ҳалли вазъ, Жээнбеков пешниҳод кардааст, ки интихоботи нави парлумонӣ баргузор шавад (қарорро КМИР қабул хоҳад кард), сарвазир ва аъзои ҳукуматро, ки пеш аз бӯҳрон кор мекарданд, аз вазифа сабукдӯш кунанд, ки ин барои таъйиноти нав заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
"Ман аз тамоми нерӯҳои сиёсӣ даъват мекунам, ки сулҳу оромӣ дар кишварро ҳифз кунанд, мардумро аз ҳам ҷудо накунанд",- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.