ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Русия давоми як шабонарӯзи ахир 286 дардманди коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оиди коронавирус дар Русия.
Манбаъ меафзояд, ин адад аз замони авҷи маризӣ то ҳол бесобиқа аст.
Ситоди фаврӣ мегӯяд, дар як рӯзи гузашта, дар Русия боз 13754 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи чоршанбе 477 ададкамтар аст.
Дар Маскав 3942 ҳолат ошкор карда шудааст ва дар пойтахт шумораи сироятҳои ошкоршуда чанд рӯз боз рӯ ба коҳиш ниҳодааст (як рӯз пеш аз он 4573, як рӯз қабл - 4618).
Пешбинии анҷоми ҳамагирии коронавирус: як соли дигар "сабр"
Аз сатҳи 4 ҳазор, афзоиши ҳаррӯза дар Маскав бори аввал пас аз ҷумъаи 9 октябр коҳиш ёфт.
Зимнан, рекорди қаблӣ ду рӯз пеш, 13 октябр, вақте ки ситод аз марги 244 нафар ва як рӯз пеш аз он 239 нафар фавт хабар дод, гузошта шуда буд.
Гуфта мешавад, танҳо дар Маскав як шабонарӯзи ахир 57 бемор қурбон шуданд.